Муовини сардори БДА дар вилояти Хатлон аз коронавирус фавтид?

Муовини сардори БДА дар вилояти Хатлон Қутбуддин Қодиров рӯзи 4-уми май дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фавтидааст. Амриддин Солиев, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба “Азия-Плюс” марги ӯро тасдиқ карда, гуфт: “Рӯзи 4-уми май Қутбуддин Қодировро дар ҳолати вазнин – бо ҳарорати баланд ва нафастангӣ ба беморхона оварданд. Ӯро дар шуъбаи бемориҳои […]

Сайрахмон Назриев, Asia-Plus

Муовини сардори БДА дар вилояти Хатлон Қутбуддин Қодиров рӯзи 4-уми май дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фавтидааст.

Амриддин Солиев, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба “Азия-Плюс” марги ӯро тасдиқ карда, гуфт: “Рӯзи 4-уми май Қутбуддин Қодировро дар ҳолати вазнин – бо ҳарорати баланд ва нафастангӣ ба беморхона оварданд. Ӯро дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ хобондем. Табибон тамоми кӯшишро карданд, ки ӯро наҷот диҳанд. Мутаассифона, баъд аз ду соат бемор фавтид”.

“Дар ӯ аломатҳои монанд ба COVID-19 дида мешуд, вале бемории ӯ баъд аз ташхисҳои дақиқ маълум мешавад”, – гуфт сардухтур.

Дар ҳамин ҳол, як корманди БДА дар вилояти Хатлон ба шарти ифшо нашудани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки муовини сардор аз бемории диабети қанд азият мекашид ва тайи чанд рӯзи охир гирифтори зуком шуда, ба худмуолиҷа машғул буд.

Абдулҳамид Каримзода, сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба сабаб ва пайомади фавти Қутбуддин Қодиров ба “Азия-Плюс” чунин гуфт:

“Ҷанозаи марҳум бо риояи талаботи қоидаҳои эпидемиологӣ гӯронида шуд. Оилаи Қодиров зери назорати духтурони маҳаллӣ қарор доранд. Ӯро бо ҳарорати баланд ва нафастангӣ ба беморхона оварда буданд, ки ин нишонаҳо ба  COVID-19 монанд аст. Аз ин хотир, мо чунин чораҳоро андешидем”.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 16:30 дақиқаи 4-уми май дар вилояти Хатлон 21 ҳолати бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.