Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дармонгоҳи сайёр фиристод

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7-уми май ба ҳукумат дастур дод, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ фиристода шавад. Контейнерҳо барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус субҳи имрӯз бо қатора ба Душанбе оварда шуданд. Чунин контейнерҳо ба сифати беморхона дар давраи пандемияи коронавирус истифода мешаванд. “Онҳо сарбории беморхонаҳоеро, ки барои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7-уми май ба ҳукумат дастур дод, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ фиристода шавад.

Контейнерҳо барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус субҳи имрӯз бо қатора ба Душанбе оварда шуданд.

Чунин контейнерҳо ба сифати беморхона дар давраи пандемияи коронавирус истифода мешаванд.

“Онҳо сарбории беморхонаҳоеро, ки барои қабули беморон дигар ҷой надоранд, кам мекунанд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, контейнерҳо бо кату ҷиҳози хоб, ҳаммом, ҷойи шустушӯву обу корез ва кондитсинерҳо муҷаҳҳазанд.

Дар намояндагии дипломатии Ӯзбекистон ҳамчунин қайд карданд, ки контейнерҳо ба назди варзишгоҳи “Бофанда” (собиқ “Текстилшик”, рӯ ба рӯйи корхонаи нассоҷӣ) расонида шуда, дар ин ҷо дармонгоҳи сайёр ташкил карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.