Аз хона набаромада, тавозуни Tcell- ро дар сомонаи расмӣ пур кунед!

Ширкати Tcell функсияи ҷадидро таҳияву коркард намуда, дар сомонаи расмӣ ҷо кард:   https://www.tcell.tj. Акнун муштариён бидуни тарки хона метавонанд бо чанд амали оддӣ тавозуни телефони худро пурра намоянд. Функсияи нав барои ҳамаи муштариён, дорандагони кортҳои бонкии “Корти Миллӣ” дастрас аст.   Барои пур кардани тавозун, шумо бояд ба бахши "Пур кардани тавозун" дар сомонаи Tcell ворид […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell функсияи ҷадидро таҳияву коркард намуда, дар сомонаи расмӣ ҷо кард:   https://www.tcell.tj. Акнун муштариён бидуни тарки хона метавонанд бо чанд амали оддӣ тавозуни телефони худро пурра намоянд.

Функсияи нав барои ҳамаи муштариён, дорандагони кортҳои бонкии “Корти Миллӣ” дастрас аст.   Барои пур кардани тавозун, шумо бояд ба бахши "Пур кардани тавозун" дар сомонаи Tcell ворид шуда, сатрҳои лозимаро пур кунед ва тавозуни рақами шумо дар тӯли чанд сония бе фоиз пурра мешавад.

Истифодаи вебсайти расмии ширкат ва ҳамаи бахшҳои он тамоман трафик нахоҳанд дошт ва барои муштариёни Tcell комилан ройгон мебошад.

Дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ ширкати Тсеll ба хостаҳо ва имконоти муштариён таваҷҷӯши аслиро қоил аст. Дар ҳоли ҳозир, замоне, ки хатари мубтало шудан бо вируси COVID-19 зиёд аст ва ба ҳама дар хона мондан тавсия дода мешавад, барои аксари муштариён пур кардани тавозун аз манзили зист беҳтарин роҳҳал аст. Ширкат бо пешниҳоди хидматҳои ҷадид ба муштариён саъй мекунад, ки ҳар чӣ бештар истифода ва корбурди шабакаи Tcell-ро барои онҳо осонтар намояд.   __________________

 Tcell  – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст