Эмомалӣ Раҳмонро дар Санкт-Петербург ва Тошканд интизоранд

Сафари сарвари давлати Тоҷикистон ба пойтахти шимолии Русия ва пойтахти Ӯзбекистон мутаносибан охири моҳи июл ва даҳаи дуюми моҳи октябр дар назар аст. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, рӯзҳои 22-23 июл дар шаҳри Санкт-Петербург нишасти навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад. Қобили зикр аст, ки Русия […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафари сарвари давлати Тоҷикистон ба пойтахти шимолии Русия ва пойтахти Ӯзбекистон мутаносибан охири моҳи июл ва даҳаи дуюми моҳи октябр дар назар аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, рӯзҳои 22-23 июл дар шаҳри Санкт-Петербург нишасти навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки Русия баргузории нишасти сарони кишварҳои аъзои СҲШ-ро соли ҷорӣ нахуст дар шаҳри Челябинск тарҳрезӣ карда буд.

Ба гуфтаи манбаъ, баргузории нишасти сарони мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соли равон рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Тошканд муқаррар шудааст.

Дар ҳар дуи нишастҳо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин ҳамоишҳо пеш аз ҳама, баррасии масоили паси сар кардани оқибатҳои буҳрон бар асари пандемияи коронавирус, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, инчунин расидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.