Муҳаммадтақӣ Собирӣ: “Таъсири Фирдавсӣ бар адибону шоирони дигар шигарф аст”

Паёми ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, 14-уми майи соли 2020. Ба номи Худованди ҷону хирад, К-аз ин бартар андеша барнагзарад. Худованди ному Худованди ҷой, Худованди рӯзидеҳу раҳнамой. Дар гоҳшумори Эрон рӯзи 25-и урдибиҳишт (14-уми май) ба номи Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст. Ин […]

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Паёми ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, 14-уми майи соли 2020.

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

Худованди ному Худованди ҷой,

Худованди рӯзидеҳу раҳнамой.

Дар гоҳшумори Эрон рӯзи 25-и урдибиҳишт (14-уми май) ба номи Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст. Ин муносибати фархундаро гиромӣ медорем ва ба тамоми алоқамандони ин ҳамосасарои бузурги эронӣ ва пири фарзонаи Тӯс, бавежа ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони тоҷик табрик мегӯям.

Бақо ва давоми забони порсӣ вомдори талошҳои арзандаи Фирдавсии бузург аст. Талоши вай дар ҳофизаи таърих нигориш шуда ва мероси Фирдавсӣ то ҳамеша мондагор хоҳад буд, чаро ки ба гуфтаи ӯ:

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Таъсири Фирдавсӣ бар адибону шоирони дигар шигарф аст. Ба ростӣ метавон гуфт, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ илҳомбахши бисёре аз осори ҳамосӣ дар адаби форсӣ будааст. Агар хуб ба жарфои “Шоҳнома” бингарем, мебинем, хирад ҷонмояи ин китоби арзишманд аст.

Чӣ хуш гуфта шоири ширинсухани тоҷик, бону Гулрухсор:

“Шоҳнома” сухан аст,

“Шоҳнома” хирад аст,

“Шоҳнома” адаб аст,

Адабе, к-аз самари сабзи дарахташ

Ҷовидон баҳра бигирем.

Ҳамеша саломату сарбаланду пирӯз бошед!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.