Ба муносибати ид Мирзиёев 258 нафар маҳбусонро авф кард

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати фарорасии Иди Рамазон дар бораи авфи 258 нафар маҳбусон фармон ба имзо расонид. Тавре хабаргузории “Фергана” иттилоъ медиҳад, Иди Рамазон имсол 24 май таҷлил мегардад. Мувофиқи ин фармон, “16 нафар аз адои ҷазо пурра ва 101 кас – шартӣ ва пеш аз муҳлат озод шуда, боз ҷазои 24 маҳбус […]

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати фарорасии Иди Рамазон дар бораи авфи 258 нафар маҳбусон фармон ба имзо расонид. Тавре хабаргузории “Фергана” иттилоъ медиҳад, Иди Рамазон имсол 24 май таҷлил мегардад.

Мувофиқи ин фармон, “16 нафар аз адои ҷазо пурра ва 101 кас – шартӣ ва пеш аз муҳлат озод шуда, боз ҷазои 24 маҳбус ба ҷазои сабуктар иваз шудааст ва муҳлати ҷазои 117 маҳбуси дигар кам гардидааст.

Гуфта мешавад, байни озодшудагон 7 нафарашон мардони синни аз 60-сола боло, 7 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, 1 зан ва 164 аъзои созмонҳои манъшуда мебошанд. Ба Вазорату идораҳо ҷиҳати кумак ба мутобиқати иҷтимоии озодшудагон дастур дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.