Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 6 млрд 823 млн сомонӣ ё худ 91,9% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил дод. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба ин тариқ, даромади пешбинишуда ба маблағи беш аз 600 млн сомонӣ (зиёда аз 58 млн доллар) дар ин давра ба буҷет ворид нагардид.
Сабаби ин миқдор кам шудани воридоти маблағ ба буҷетро дар Вазорати молия ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии чанде аз андозҳои асосӣ: андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, андоз аз фоида ва аксизҳо нисбат медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки ҳиссаи воридоти маблағ аз пардохти андоз дар ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷети кишвар наздики 70%-ро ташкил медиҳанд.
Дар ин робита кам кардани баъзе хароҷот, аз қабили харидории мошину техника ва таҷҳизот, сӯзишворӣ, хароҷоти ҷорӣ, таъмири асосӣ ва сохтмони иншооти гуногун лозим омад. То аввали моҳи май аз ҳисоби кам кардани ин навъи хароҷот, ҳудуди 2,6 млрд сомонӣ сарфа шудааст.
Қаблан дар Вазорати молия ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар шароити таъсири пандемияи коронавирус маҷбуранд, ба ҳукумат бозбинии нишондиҳандаҳои буҷетро дар соли равон пешниҳод кунанд.
Мувофиқи ҳисоби пешакии Вазорат, то охири сол ба буҷет метавонад беш аз 2,3 млрд сомонӣ камтар даромад ворид шавад.
“Азбаски хароҷоти буҷет ба воридоти даромад вобаста аст, кам кардани он ба сохтмони иншооти ҳоло бунёдаш оғознашуда ва ғайриафзалиятнок, таъмир, инчунин харидории техникаву таҷҳизот, мебел ва ғайра пешбинӣ мешавад. Чунин хароҷот мувофиқи ҳисоби Вазорати молия, 10-12% дар ҳар кадоме аз соҳаҳоро ташкил дода метавонанд”, – қайд карда буданд дар Вазорат.
Зикр гардида буд, ки то рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъият, бо қарори мақомоти қонунгузории ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ бозбинии хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


