Ташхисгоҳҳои вирусологӣ барои ташхиси COVID-19 дар Хатлон

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар имрӯз ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайян кардани бемории COVID-19 ба фаъолият шурӯъ кард. Чуноне Нурулло Бояков, сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон хабар дод, ташхисгоҳи мазкур дар назди маркази номбурда аз имрӯз ба кор оғоз кард. “Дастгоҳҳои зарурӣ қаблан дар таҳлилгоҳи мо мавҷуд буд, танҳо аз сабаби […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар имрӯз ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайян кардани бемории COVID-19 ба фаъолият шурӯъ кард.

Чуноне Нурулло Бояков, сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон хабар дод, ташхисгоҳи мазкур дар назди маркази номбурда аз имрӯз ба кор оғоз кард.

“Дастгоҳҳои зарурӣ қаблан дар таҳлилгоҳи мо мавҷуд буд, танҳо аз сабаби набудани мутахассисони омӯзишдида иҷозаи гузаронидани чунин намуди ташхисро надоштем. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва як соҳибкори маҳаллӣ мо ду нафар мутахассисонро ба Пажуҳишгоҳи профилактикии назди Вазорати тандурустӣ фиристодем. Баъди гузаштани давраи омӯзишӣ иҷозаи фаъолиятро дарёфт карда, аз имрӯз, 26 май ба фаъолият шурӯъ кардем” – гуфт Нурулло Бояков.

Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки ин ташхисгоҳ имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150 то 200  таҳлилро дорад ва он барои 14 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хизмат хоҳад кард.

“Чунин як ташхисгоҳ имрӯз барои гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кард. Айни замон ҳам дар шаҳри Бохтар ва ҳам дар шаҳри Кӯлоб мутахассисони Пажуҳишгоҳи профилактикӣ ба мутахассисони маҳаллӣ тарзу усулҳои гузаронидани таҳлилҳо ва кор бо дастгоҳҳоро омӯзонида истодаанд”, – илова кард Н.Бояков.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст