Ҳукумати ВМКБ вуруди сокинони минтақаро ба Хоруғ маҳдуд кард

Дар робита ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равуои шаҳрвандонро аз дигар минтақаҳои вилоят ба шаҳри Хоруғ маҳдуд кард: ба шахсоне, ки аз пойтахт меоянд, ин маҳдудият дахл надорад. Ғолиб Ниятбеков, котиби матбуотии раиси ВМКБ, ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ин қарор танҳо ба хотири некӯаҳволии мардум қабул шуда, ин маҳдудият […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар робита ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равуои шаҳрвандонро аз дигар минтақаҳои вилоят ба шаҳри Хоруғ маҳдуд кард: ба шахсоне, ки аз пойтахт меоянд, ин маҳдудият дахл надорад.

Ғолиб Ниятбеков, котиби матбуотии раиси ВМКБ, ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ин қарор танҳо ба хотири некӯаҳволии мардум қабул шуда, ин маҳдудият 10 рӯз – шурӯъ аз 23 май давом мекунад.

Ӯ маълумоти як қатор васоити ахбори умумро дар бораи баста будани роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ рад кард.

“Роҳ баста нест, мошинҳои боркаш ба шаҳр меоянд. Автомашинаҳо бо мусофирон зимни зарурат ба Бадахшон омада метавонанд. Лекин ҳукумати ВМКБ аз сокинон дархост мекунад, ки аз сафарҳо ба Душанбе ё аз Душанбе ба Хоруғ худдорӣ кунанд”, – иброз дошт вай.

Ғолиб Ниятбеков ҳамчунин илова кард, ки мутобиқи супориш, ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳукумати вилоят, барои вуруди ҳамаи шаҳрвандони дигар ба Хоруғ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст