Даъвати кишварҳои СААД ба вокуниши муносиб нисбати вазъ дар Афғонистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 26 май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шакли видеоконфронс ширкат варзид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, роҳбарони ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, пиромуни масоили Афғонистон ва муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои муосир […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 26 май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шакли видеоконфронс ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, роҳбарони ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, пиромуни масоили Афғонистон ва муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои марбут ба рушди иқтидори сулҳофаринии СААД, мақоми Нозир ва Шарики СААД, инчунин ҳамкории он бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили ИДМ ва СҲШ-ро муҳокима намуданд.

Зимни баррасии вазъияти бавуқӯъомадаи эпидемиологӣ бар асари ҳамагирии  коронавируси нав, С.Муҳриддин дар бораи чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат бо интишори коронавирус дар кишвар маълумот дод.

Гуфта мешавад, дар суханронии худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин самтҳои авлавиятноки ҳамкории Тоҷикистонро дар доираи СААД қайд карда,  зарурати муборизаи шадид бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ, қочоқи маводди мухаддир ва силоҳро таъкид намуд.

Дар робита ба вазъият дар Афғонистон С.Муҳриддин қайд намуд, ки Тоҷикистон, ки дорои тӯлонитарин сарҳад бо он кишвар аст, тамоми чораҳои низомию сиёсиро ҷиҳати рафъи хатарҳо андешида истодааст. Таъкид гардид, ки вазъияти кунунӣ аз тамоми кишварҳои узви СААД вокуниши муносиб, ба вежа гузоштани қадамҳои таъхирнопазирро ҷиҳати ҳифзи марзҳои ҷанубии Созмон талаб мекунад.

Вазирони корҳои хориҷӣ чанд изҳороти муштарак, аз ҷумла роҷеъ ба ҳамбастагиву ҳамёрӣ дар мубориза бо ҳамагирии коронавирус, роҷеъ ба дастгирии даъвати Дабири кулли СММ ба эълони ҷаҳонии оташбас бино бар ҳамагирии COVID-19, роҷеъ ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва роҷеъ ба таъйиди пойбандӣ ба аҳдофу усули Ойинномаи СММ-ро қабул карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар интиҳои ҷаласа чанд қарор, ки ба рӯзномаи Шӯрои вазирон дохил шуда буданд, қабул гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.