Кӯдаки 4-сола аз беэҳтиётии волидон дар дарё ғарқ шуд

Дирӯз, 28 уми май кӯдаки 4-сола аз деҳаи Навид, ҷамоати деҳоти Навиди ноҳияи Рашт аз беэҳтиётии волидайнаш ба дарёчаи ин русто афтода, ғарқ шудааст. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дастаи махсуси  наҷотдиҳандагони КҲФ дар ноҳияи Рашт ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳи аҳолии деҳоти мазкур корҳои кофтуковиро ба роҳ монда, соати 16:20 дақиқа ҷасади […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дирӯз, 28 уми май кӯдаки 4-сола аз деҳаи Навид, ҷамоати деҳоти Навиди ноҳияи Рашт аз беэҳтиётии волидайнаш ба дарёчаи ин русто афтода, ғарқ шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дастаи махсуси  наҷотдиҳандагони КҲФ дар ноҳияи Рашт ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳи аҳолии деҳоти мазкур корҳои кофтуковиро ба роҳ монда, соати 16:20 дақиқа ҷасади ноболиғро ёфтанд ва ба волидонаш супурдаанд.

Инчунин худи ҳамон рӯз, 28-уми май сокини 25-солаи шаҳри Истаравшан, ки дар оби обанбори Каттасой шиноварӣ мекард, баногоҳ ғарқ шуд.

Дастаи махсуси наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Хуҷанд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ҷасадро пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ҳамзамон, шаби 27-уми май, тахминан соати 22:00 сокини 11-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз хона баромада, бедарак мешавад. Волидонаш ҳадс мезаданд, ки ӯ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст.

Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Кулоб дар ҳайати 12 нафар ҳамроҳ бо кормандони ШВКД-и ноҳия ва сокинони деҳа сафарбар шуда, ҷустуҷӯи ноболиғро оғоз карданд. Вале ин кофтуков дирӯз натиҷа надода, ҳоло кофтуков идома дорад.

Инчунин боз дар як ҳодисаи рӯзи гузашта дар ҷамоати деҳоти Айнӣ духтари 16-сола ба қасди худкушӣ худро дар дарёи Зарафшон ғарқ кардааст.

Ба иттилои Кумита, кормандони шуъбаи КҲФ дар водии Зарафшон ҳоло ҷасади духтарро пайдо накарда, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио