Бозгашти 188 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Дубай

Бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 188 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Дубай ба Душанбе баргардонида шуданд. Тавре Вазорати корҳои хорҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, онҳо бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд. Гуфта мешавад, интизор меравад, ки 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон тавассути парвози чартерии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 188 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Дубай ба Душанбе баргардонида шуданд.

Тавре Вазорати корҳои хорҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, онҳо бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд.

Гуфта мешавад, интизор меравад, ки 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон тавассути парвози чартерии “Флай Дубай” ба Ватан низ баргардонида шаванд.

Қаблан як манбаъ дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меоянд, тести ташхиси коронавирус гирифта мешавад.

“Ҳамаи касони аз Дубай ба ватан баргашта ба карантини дуҳафтаина гирифта мешаванд. Аз онҳо тести ташхиси коронавирус мегирем ва агар натиҷаи тест манфӣ барояд, онҳоро ҷавоб медиҳем, лекин агар натиҷа мусбат бошад, барои муолиҷа ба беморхона мефиристем”, – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр мешавад, ки 27 май кӯмаки башардӯстонаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “ал-Иттиҳод” иборат аз лавозимоти тиббӣ барои мубориза бо бемории Ковид-19 ба Душанбе расида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио