Дар “Нассоҷи Хуҷанд” истеҳсоли корҷомаҳои тиббӣ роҳандозӣ шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз раванди фаъолияти ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ошноӣ пайдо намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар корхона бо назардошти вазъи сироятёбии сокинони кишварҳои хориҷи дуру наздик ба коронавируси COVID-19 ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат истеҳсоли […]

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз раванди фаъолияти ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ошноӣ пайдо намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар корхона бо назардошти вазъи сироятёбии сокинони кишварҳои хориҷи дуру наздик ба коронавируси COVID-19 ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат истеҳсоли ниқоб ва корҷомаҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин корхона, ки ба истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин машғул аст, айни замон 3 намуди ниқобҳои тиббӣ бо истифода аз дока ва хомсуф тайёр карда мешаванд. Алҳол дар як шабонарӯз ин корхона то 6 ҳазор дона ниқобҳои муҳофизатӣ истеҳсол намуда, истодааст, ки рӯзҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли он бо ба роҳ мондани сехҳои нав дучанд меафзояд.

Ғайр аз ин, корхона ҳамзамон ба истеҳсоли корҷомаҳои тиббии муҳофизатӣ низ оғоз намудааст, ки истеҳсоли шабонарӯзии ин навъи маҳсулот то 200 адад мебошад.

Ба иттилои манбаъ, чанд рӯз қабл байни ин корхона ва ширкати «Белл Бимбо плюс»-и Беларус ба маблағи 68 ҳазор долларшартнома баста шуд, ки тибқи он дӯхти либоси мактабӣ барои муҳассилини макотиби ин кишвар пешбинӣ шудааст. «Белл Бимбо плюс» тасмим гирифтааст, ки либоси мактабии пахтагини босифати истеҳсоли корхоани«Нассоҷи Хуҷанд»-ро дар қаламрави Русия низ ба фурӯш гузорад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки дар баробари истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва корҷомаҳои тиббии муҳофизатӣ ҳамзамон дар самти ба роҳ мондани сару либоси мактабӣ ва шиму костюми мардона тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон васеъ намудани ҳаҷми истеҳсолот дар ин корхонаро талаби замон унвон намуда, супориш дод, ки дар зудтарин фурсат бо насби 200 адад мошинаҳои чокдӯзӣ барои дӯхти либоси мактабӣ ба ниёзмандони дохиливу хориҷӣ тадбирҳо фаврӣ андешида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио