Ҷавони 28-сола ҷавонзани роҳрӯбро бо автомашина пахш намуда, фирор кард

Сангмаҳмад Алиев, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут рӯзи  31-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 03:10 дақиқа ҳангоми идора намудани автомашинаи тамғаи Опел-Астра дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷавонзани роҳрӯбро пахш намудааст. Номбурда ба ҷойи ёрӣ ба ҷабрдида, баръакс худсарона ҷойи ҳодисаро тарк намудааст, иттилоъ медиҳад, Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе. Ба иттилои манбаъ, санаи 31-уми […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сангмаҳмад Алиев, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут рӯзи  31-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 03:10 дақиқа ҳангоми идора намудани автомашинаи тамғаи Опел-Астра дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷавонзани роҳрӯбро пахш намудааст.

Номбурда ба ҷойи ёрӣ ба ҷабрдида, баръакс худсарона ҷойи ҳодисаро тарк намудааст, иттилоъ медиҳад, Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, санаи 31-уми майи соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи шахсияташ номаълум шаҳрванд Холбӣ Саъдуллоев,а соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо ҳангоми ба фаъолияти роҳрубӣ дар кӯчаи Н. Қарабоев машғул будан бо автомашинааш пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Айни замон ҷабрдида Холбӣ Саъдуллоева баъд аз муоинаи табибон ба хонааш рухсат дода шуда, саломатиаш хуб мебошад.

Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаро муайян намуда, автомашинаашро ба Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе фиристоданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои дахлдор тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.