Боздошти сардори хадамоти тиббии яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ҳангоми порагирӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сардори Хадамоти тиббии яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд. Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, як марде ба ин сохтор муроҷиат карда, мегӯяд, ки сардори хадамоти тиббӣ Гулнора Кенҷаева барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани хешаш […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сардори Хадамоти тиббии яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд.

Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, як марде ба ин сохтор муроҷиат карда, мегӯяд, ки сардори хадамоти тиббӣ Гулнора Кенҷаева барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани хешаш аз ӯ маблағи 30 ҳазор сомонӣ (2910 доллар) талаб кардааст.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Гулнора Кенҷаева баъди аз шаҳрванд гирифтани маблағи 30 ҳазор сомонӣ боздошт шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда бо моддаи 247, қ. 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар ин модда то 12 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул гардидан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.