Ба реҷаи муқаррарии фаъолият баргаштани муассисаҳои тиббӣ

Date:

Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба реҷаи пешинаи муқаррарии фаъолият бармегарданд. Маркази милии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) охирин беморони аз коронавирус шифоёфтаро ба хонаҳояшон ҷавоб дод.

Танҳо дар корпуси 8-уми “Шифобахш” – Маркази клиникии бемориҳои дил – дар муддати як моҳ 315 бемори COVID-19 муолиҷа гирифтанд, ки беш аз нисфи онҳо дар ҳолати вазнин қарор доштанд.

Дар навори видеои мо муовини директори Маркази клиникии бемориҳои дил Мастона Ҷумъаева ва духтури эҳёгар Азам Табаров дар бораи фаъолияти марказ замони пандемия изҳори назар мекунанд. Инчунин Алиназар Пирназаров, яке аз беморони аввалине, ки баъди пандемия бистарӣ шуд, низ ақидаи худро баён мекунад.

МЕДИА (YOUTUBE)

То шоми рӯзи 11 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 4 ҳазору 834 нафарро ташкил медиҳад. Давоми шабонарӯзи гузашта, 1 кас аз ин беморӣ фавтида, шумори умумии фавтидагон ба 49 нафар расид.

Теъдоди умумии шифоёфтагон аз оғози эпидемия 3 ҳазору 62 касро ташкил дода, 887 нафар беморон дар муассисаҳои тиббӣ зери назорати табибон қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...