Зардолуҳои Суғд ба хориҷи кишвар содирот шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварӣ, коркард ва содироти меваи зардолу аз наздик ошно гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода ҷумла аз хоҷагии деҳқонии “Дурахшон” боздид намуд. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 20 гектар замин аст ва дар ҳамаи замини дар ихётиёрдошта боғи зардолу ташкил карда шудааст. Навъҳои […]

Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварӣ, коркард ва содироти меваи зардолу аз наздик ошно гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода ҷумла аз хоҷагии деҳқонии “Дурахшон” боздид намуд. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 20 гектар замин аст ва дар ҳамаи замини дар ихётиёрдошта боғи зардолу ташкил карда шудааст. Навъҳои “Мирсанҷалӣ” ва “Исфарак”, ки дар ин хоҷагӣ парвариш меёбад, харидорони сершумори худро дорад.

Гуфта мешавад, дар идома Раиси вилоят бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зардолу ва К” шинос шуд. Дар корхона 55 нафар ба кор ҷалб гардида, то имрӯз тавассути ин ширкат 1350 тонна мева содирот гардидааст.

Бояд зикр кард, ки боғпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад маҳсуб ёфта, дар парваришу нигоҳубини боғоти зардолу боғдорони ноҳияи Ашт таҷрибаи калон доранд. Маҳз бо заҳмату талоши боғдорони ноҳия ҳамасола садҳо тонна меваҳои шаҳдбори ноҳия ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Имсол низ ин анъанаи нек идома ёфта, то санаи 12 июни соли ҷорӣ аз ноҳия 2720 тонна меваи тар тавассути 160 автомашина ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Аз ҷумла, 2687 тонна зардолу ва 33 тонна гелосу олу ба Федератсияи Россия ирсол гардидааст. Айни замон боз 5 автомашина вориди ноҳия шуда, барои содирот мева қабул карда истодааст.

Илова бар ин тавассути автомашинаҳои боркаши хурд ҳамарӯза то 20 тонна меваи тар бо нархҳои аз 1,5 сомонӣ то 2,5 сомонӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо бароварда шуда, то имрӯз наздик 500 тонна, аз ҷумла 453 тонна зардолу ба фурӯш рафтааст.

Ҳамзамон ширкатҳои истеҳсолӣ низ барои харидории меваҳои шаҳдбори ноҳия ҳавасманд буда, аллакай корхонаи “Оби зулол” барои истеҳсоли афшура 22 тонна зардолу харидорӣ кардааст.

Раиси вилоят ба фаъолияти боғдорону ширкати истеҳсолӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати бештар намудани содироти маҳсулот, сари вақт ба анҷом расонидани чиниши меваҷот, таъмини бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ бо меваҳои тару тоза дастуру супоришҳо дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.