Дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии мусиқиро тариқи реҷаи онлайн ҷашн мегиранд

Date:

Рӯзи байнулмилалии мусиқӣ – Fête de la Musique дар Тоҷикистон дар шакли диҷитал тариқи реҷаи вақти воқеӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора сафорати Фаронса дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба фестивал рӯзи 21 июни соли равон сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар соати 18:00 дар шабакаи Фейсбуки Маркази фарҳанги “Бактрия” (www.facebook.com/bactriacc) ҳусни оғоз мебахшад.

Байни иштирокчиёни фестивал Prooftj, Мавзуна Шарафӣ, Фирдавс Исоев, Матеуш, DjJova, ки навъҳои мусиқиро аз хаус то этникии вобаста ба шарқ пешниҳод мекунанд, ҳузур доранд.

Шурӯъ аз соли 2003 – 18 сол инҷониб пайдарпай Маркази фарҳанги “Бактрия” бо дастгирии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ҳамасола ҷашни Рӯзи байнулмилалии мусиқиро дар Тоҷикистон ташкил мекунад.

Fête de la Musique (аз фаронсавӣ. — «Иди мусиқӣ», (бо номи “Рӯзи мусиқӣ”, «The World Music Day» низ вомехӯрад) — фестивали мусиқиест, ки ҳамасола 21 июн – рӯзи баробаршавии рӯзу шаб гузаронида шуда, ба тарғиби мусиқӣ миёни аҳолӣ равона шудааст. Бори аввал соли 1982 бо ташаббуси вазири фарҳанги Фаронса Жак Ланг доир гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...