Дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии мусиқиро тариқи реҷаи онлайн ҷашн мегиранд

Рӯзи байнулмилалии мусиқӣ – Fête de la Musique дар Тоҷикистон дар шакли диҷитал тариқи реҷаи вақти воқеӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора сафорати Фаронса дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба фестивал рӯзи 21 июни соли равон сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар соати 18:00 дар шабакаи Фейсбуки Маркази фарҳанги “Бактрия” (www.facebook.com/bactriacc) ҳусни оғоз мебахшад. Байни […]

Рӯзи байнулмилалии мусиқӣ – Fête de la Musique дар Тоҷикистон дар шакли диҷитал тариқи реҷаи вақти воқеӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора сафорати Фаронса дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба фестивал рӯзи 21 июни соли равон сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар соати 18:00 дар шабакаи Фейсбуки Маркази фарҳанги “Бактрия” (www.facebook.com/bactriacc) ҳусни оғоз мебахшад.

Байни иштирокчиёни фестивал Prooftj, Мавзуна Шарафӣ, Фирдавс Исоев, Матеуш, DjJova, ки навъҳои мусиқиро аз хаус то этникии вобаста ба шарқ пешниҳод мекунанд, ҳузур доранд.

Шурӯъ аз соли 2003 – 18 сол инҷониб пайдарпай Маркази фарҳанги “Бактрия” бо дастгирии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ҳамасола ҷашни Рӯзи байнулмилалии мусиқиро дар Тоҷикистон ташкил мекунад.

Fête de la Musique (аз фаронсавӣ. — «Иди мусиқӣ», (бо номи “Рӯзи мусиқӣ”, «The World Music Day» низ вомехӯрад) — фестивали мусиқиест, ки ҳамасола 21 июн – рӯзи баробаршавии рӯзу шаб гузаронида шуда, ба тарғиби мусиқӣ миёни аҳолӣ равона шудааст. Бори аввал соли 1982 бо ташаббуси вазири фарҳанги Фаронса Жак Ланг доир гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.