Трамп лоиҳаи қонуни имкони эъломи таҳрим барои таъқиби уйғурҳоро имзо кард

Президенти ИМА Доналд Трамп лоиҳаи қонунеро имзо кард, ки имкони эъломи таҳрим зидди мансабдорони Чин барои таъқиби уйғурҳо ва сокинони дигари мусулмони минтақаи худмухтори Шинҷонро фароҳам месозад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин лоиҳа "Қонуни сиёсат дар бахши ҳуқуқи инсон нисбат ба уйғурҳо" ном дошта, поймоли ошкорои ҳуқуқи ақалиятҳои мусулмон дар Шинҷонро маҳкум […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп лоиҳаи қонунеро имзо кард, ки имкони эъломи таҳрим зидди мансабдорони Чин барои таъқиби уйғурҳо ва сокинони дигари мусулмони минтақаи худмухтори Шинҷонро фароҳам месозад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин лоиҳа "Қонуни сиёсат дар бахши ҳуқуқи инсон нисбат ба уйғурҳо" ном дошта, поймоли ошкорои ҳуқуқи ақалиятҳои мусулмон дар Шинҷонро маҳкум ва ҳаққи эъломи таҳрим зидди мансабдорони алоҳидаро медиҳад.

Гуфта мешавад, бар пояи қонуни мазкур, хадамоти махсус ва Департаменти давлатии Амрико Конгрессро пайваста аз вазъи уйғурҳо дар Чин огаҳ карда, президент бояд давоми 120 рӯз номи мансабдорони чиниеро пешниҳод кунад, ки дар таъқиби уйғурҳо даст доранд ва зиддашон бар асоси Қонуни ҷаҳонии Магнитский таҳрим эълом хоҳад шуд. Дар қонун номи раиси Ҳизби коммунистии Чин Сӣ Ҷинпин ва узви баландпояи дигари ҳизб Чен Квангуо бевосита оварда шудааст.

Зикр мегардад, ки лоиҳаи қонуни мазкур  ҳанӯз соли гузашта таҳия шуда буд, вале тасвиби он бо сард шудани муносибатҳои ИМА ва Чин дар пайи ҳамагир гаштани вируси корона рост омад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.