Дастдарозӣ ба номуси духтари 12-сола дар Ҳисор. Аз мақомот расидагӣ дархост шуд

Сокини 42-солаи Ҳисор ба номуси духтари 12-сола таҷовуз кард: 2 моҳ пеш ӯ кӯдак таваллуд кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон. Зикр шуд, ки кормандони милитсия далели таҷовуз ба номусро ошкор намуда, айни замон прокуратураи шаҳри Ҳисор ин парвандаро тафтиш мекунад. Дар бораи ин ҳодисаи гӯношунид дирӯз, 17 июн раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сокини 42-солаи Ҳисор ба номуси духтари 12-сола таҷовуз кард: 2 моҳ пеш ӯ кӯдак таваллуд кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон. Зикр шуд, ки кормандони милитсия далели таҷовуз ба номусро ошкор намуда, айни замон прокуратураи шаҳри Ҳисор ин парвандаро тафтиш мекунад.

Дар бораи ин ҳодисаи гӯношунид дирӯз, 17 июн раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар саҳифааш дар Facebook хабар дод.

Дар номаи кушод ба унвони Прокурори генералӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ӯ дар бораи таҷовуз ба номуси духтари 12-сола дар ҷамоати деҳоти Сомон, участкаи Кӯчабоғ дар Ҳисор аз ҷониби ҳамсояаш иттилоъ медиҳад:

“Шаҳрванди 42-сола Ҳ.А. соли гузашта дар говхона ба номуси духтари 12-сола таҷовуз кард. Ӯ бо таҳдид ва истифода аз ҳолати нотавонии духтар ин корро чандин маротиба такрор кардааст”.

“Вақте ки волидони духтар аз ин ҳодиса огоҳ мешаванд, шаҳрванд Ҳ.А. бо роҳи таҳдид онҳоро аз додани ариза бозмедорад. Баъди чанде маълум мешавад, ки духтар ҳомиладор аст. Волидонаш ба прокуратура ва шуъбаи корҳои дохилӣ мераванд, то ки аз болои ҳамсояашон шикоят кунанд, лекин аризаи онҳоро қабул намекунанд. Илова бар ин, айбдоршавандаро фаро гирифта, бо оқибатҳои вазнин таҳдид карданд”, – менависад Зойиров.

Дар идомаи мактуби кушод ӯ қайд мекунад, ки ду моҳ пештар духтар кӯдак таваллуд карда, ҳозир дар Ҳисор болои духтар ва волидони ӯ фишор оварда мешавад, то ки қазия бо роҳи соишта ва бидуни оқибат ҳал шавад.

“Ҳоло духтарак 13-сола ва кӯдак 2-моҳа аст. Ҳолати кӯдак вазнин мебошад. Вазъ бениҳоят мураккаб аст, ки кӯдак метавонад бимиррад ва пас прокурорҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳи айбдоршаванда қарор медиҳанд, ки таҷовуз ба номус набуд, вай кӯдакро аз дигар одам бардошт ва ҳоло Ҳ.А.-ро айбдор мекунад”, – зикр мегардад дар мактуб.

ВКД аз қазия огоҳ аст

Дар ВКД Тоҷикистон гуфтаҳои Раҳматилло Зойировро дар бораи аз ҷониби кормандони ппоокуратура ва мақомоти корҳои дохилии Ҳисор рӯйпӯш кардани ҷиноятҳои содиршуда ё беамалӣ, ки агар ҳодиса ба шиносу хешовандон дахл дошта бошад, рад карданд.

“Пас аз маълум шудани ҳомиладории духтар, ӯ иқрор шуд, ки ба номусаш таҷовуз кардаанд. Баъди ин кормадони милитсияи далели таҷовуз ба номусро сабт намуда, айни замон прокуратураи шаҳри Ҳисор ба тафтиши ин ҳодиса машғул аст”, – изҳор доштанд дар ВКД Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, дар фарҷоми номаи худ раиси ҲСДТ аз Прокурори генералӣ ва роҳбари ВКД дархост мекунад, ки ин қазияро зери назорат гиранд, то шахсе, ки ҷиняти воқеӣ содир кардааст (якум таҷовуз, дуюм алоқаи ҷинсӣ бо шахси ноболиғ ва сеюм таҳдид ва таъқиби духтар ва падару модари ӯ), аз ҷавобгарӣ дур намонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.