Суғд: ҳукми 6 соли зиндон ба мард барои то худкушӣ расонидани ҳамсар

Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд барои то худкушӣ оварда расонидани ҳамсараш ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, муҳлати ҷазоро ӯ дар муассиса ислоҳии низомаш пурзӯр адо мекунад. Ба иттилои манбаъ, Ғуломҷон Раҳимов моҳи ноябри соли 2001 ба сокини маҳаллӣ Онаҷон Раҳимова хонадор шуда, “давоми зиндагии якҷояашон […]

Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд барои то худкушӣ оварда расонидани ҳамсараш ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, муҳлати ҷазоро ӯ дар муассиса ислоҳии низомаш пурзӯр адо мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Ғуломҷон Раҳимов моҳи ноябри соли 2001 ба сокини маҳаллӣ Онаҷон Раҳимова хонадор шуда, “давоми зиндагии якҷояашон бо ҳамсараш муомилаи бераҳмона карда, ӯро азобу уқубат ва нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ раво дида, мунтазам шаъну эътиборашро паст зада, лату кӯб кардааст”.

“11 феврал дар манзили истиқоматиаш ҳамсарашро бо баҳонаи он, ки ба ӯ чойи хунук наовардааст, дар бистари хобаш бо дастонаш ба узвҳои баданаш зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад,  дар натиҷаи ин кирдори бераҳмона ҳамсараш 13 феврал дар болои боми оғилхонаи манзили истиқоматиаш бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ зада, ба ҳалокат расидааст.

Зикр мегардад, ки бо ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 02 апрели соли 2020 Ғуломҷон Раҳимов дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 109, қ.2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (ба худкушӣ расонидан) гунаҳкор дониста шуда, ба 6 соли зинони низомаш сахт маҳкум карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.