Рисолати дипломатии сафири Фаронса Ясмин Гуедар ба анҷом мерасад

Пас аз 4 соли кори пурмаҳсул роҳбари намояндагии дипломатии Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар ба фаъолияти худ хотима мебахшад. “Маъмулан кори дипломатҳои фаронсавӣ 3 соли фаъолиятро дар бар мегирад. Лекин хонум Гуедар истисност. Барои ҳамкории пурсмар ва муваффақона бо ҳукуат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, инчунин саҳми арзанда ва босазо дар рушди робитаҳои фарҳангӣ байни Фаронса […]

Нигора Фазлиддин, Asia-Plus

Пас аз 4 соли кори пурмаҳсул роҳбари намояндагии дипломатии Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар ба фаъолияти худ хотима мебахшад.

“Маъмулан кори дипломатҳои фаронсавӣ 3 соли фаъолиятро дар бар мегирад. Лекин хонум Гуедар истисност. Барои ҳамкории пурсмар ва муваффақона бо ҳукуат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, инчунин саҳми арзанда ва босазо дар рушди робитаҳои фарҳангӣ байни Фаронса ва Тоҷикистон Ясмин Гуедар тавонист, ки рисолати худро дар ин кишвар боз як сол тамдид кунад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Фаронса дар Тоҷикистон.

Дар назар аст, ки бо анҷоми рисолат дипломати фаронсавӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳузур пазируфта шуда, ба ӯ барои хизматҳои шоён дар рушди ҳамкорӣ байни ду кишвари шарикони дипломатӣ “Ифтихорномаи фахрии Тоҷикистон” супурда мешавад.

Ясмин Гуедар моҳи сентябри соли 2026 бо фармони президенти Фаронса сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъин шуд. Охири моҳи сентябри соли равон рисолати ӯ расман ба охир мерасад.

Ясмин Гуедар узви касбии Хадамоти олии дипломатии Фаронса мебошад. То замони дар Тоҷикистон сафир таъин шудан, дар Ветнаму Ҳиндустон ва Чин, инчунин дар Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва мудофиа, назди сарвазири Фаронса ифои вазифа намудааст.

Дипломат дар соҳаҳои ҳуқуқу классика ва сиёсат чор дараҷаи олимӣ дорад. Ӯ Мактаби таҳқиқоти ояндадори байнулмилалии Донишгоҳи Ҷон Хопкинсро дар Италия хатм карда, дар соҳаи дипломатия собиқаи зиёди корӣ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.