Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ сарфи назар аз пандемия

Имрӯзҳо дар боғу заминҳои Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили сабзавоту мева идома дорад. Қисмате аз онҳо ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Аммо пандемияи коронавирус ҷиҳати тариқи қаламрави Ӯзбекистону Қазоқистон ба бозорҳои Русия баровардани маҳсулот монеъа эҷод мекунад. Сарфи назар аз ин монеъаҳо, то ин дам аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар наздики 70 ҳазор тонна сабзавоту мева содирот […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Имрӯзҳо дар боғу заминҳои Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили сабзавоту мева идома дорад. Қисмате аз онҳо ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Аммо пандемияи коронавирус ҷиҳати тариқи қаламрави Ӯзбекистону Қазоқистон ба бозорҳои Русия баровардани маҳсулот монеъа эҷод мекунад.

Сарфи назар аз ин монеъаҳо, то ин дам аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар наздики 70 ҳазор тонна сабзавоту мева содирот шуд.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки кишвар, то 8 июн аз Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 10 ҳазор доллар ҳудуди 54 ҳазор тонна пиёз, зиёда аз 6 ҳазор тонна меваҳои тару тоза ва наздики 9 ҳазор тонна тонна хушкмева содирот шудааст.

Ҳаҷми содирот нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта 7,7 ҳазор тонна аз рӯйи вазн ва беш аз 2,4 ҳазор доллар дар ифодаи пулӣ бештар аст.

Пандемияи коронавирус ҷиҳати ба бозорҳои Русия бурдани маҳсулоти кишоварзӣ тариқи қаламрави Ӯзбекистону Қазоқистон монеъа эҷод мекунад. Ин кишварҳо мухолифи транзити бор нестанд, лекин ронандагони мошинҳои боркаши бузургҳаҷми Тоҷикистонро ба қаламравашон роҳ намедиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ин масъала дар машварати виртуалӣ бо иштироки вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки масъалаи парваришу нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ зери назорат буда, имсол аз ҳосили рекордии сабзавоту мева, картошка ва зироати ғалладона интизорӣ меравад.

Дар бозорҳои Тоҷикистон нарҳҳо ба чанде аз навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ пойин мераванд. Имрӯз помидор 5-6 сомонӣ, картошка – 4 ва бодиринг – 3-5 сомонӣ нарх доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.