Палатаи поёнии парлумон журналистонро ба озмун даъват мекунад

Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология озмун эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар озмун шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳҳои эҷодӣ, олимону коршиносоне ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, иштирок карда […]

Asia-Plus

Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология озмун эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар озмун шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳҳои эҷодӣ, олимону коршиносоне ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, иштирок карда метавонанд.

“Иштирокчиён нигоштаҳои худро (асар ё мақолаҳо) оид ба масоили мухталифи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, раванди татбиқи энергияи сабз, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, замин, олами набототу ҳайвонот ва дигар масъалаҳои экологӣ, ки дар васоити ахбори омма нашр намудаанд, ба озмун пешкаш менамоянд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, шумора ва ҳаҷми асару мақолаҳои ба озмун пешниҳодшаванда бемаҳдуд буда, иштирокдорон нигоштаҳои худро метавонанд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод намоянд.

Озмун аз як давр иборат буда, аз 30 июни соли 2020 оғоз ва дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист – 4 июни соли 2021 ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун ва иштирокдорони фаъол бо маблағ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд: ҷойи якум – 10 ҳазор сомонӣ; дуюм – 8 ҳазор сомонӣ, сеюм – 5 ҳазор сомонӣ ва ба иштирокчиёни фаъол – 10 туҳфаи хотиравӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.