Сармураббии мунтахаби наврасон: “Дар Чемпионати Осиё гурӯҳи мо баробар аст”

Сармураббии мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) Аҳлиддин Турдиев дар бораи натиҷаҳои қуръакашии Чемпионати Осиё-2020, ки дар он Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад, изҳори назар кард. “Бар ин назарам, ки гурӯҳи мо баробар буда, дастаҳо камқувват нестанд ва метавон аз он ба даври дигар роҳ […]

Сармураббии мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) Аҳлиддин Турдиев дар бораи натиҷаҳои қуръакашии Чемпионати Осиё-2020, ки дар он Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад, изҳори назар кард.

“Бар ин назарам, ки гурӯҳи мо баробар буда, дастаҳо камқувват нестанд ва метавон аз он ба даври дигар роҳ ёфт. Ҳамаи рақибон хубанд. Ба омӯзиши онҳо пардохтем. Сохторҳои дахлдори ФФТ сабтҳои видеои бозиҳо бо иштироки ин дастаҳоро доданд”, – оварда шудааст гуфтаҳои ӯ дар сомонаи ФФТ.

Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки то оғози чемпионат ба онҳо муяссар хоҳад шуд, ки якчанд бозии дӯстона гузаронанд.

“Дар робита ба омодагии даста ба Чемпионати Осмиё-2020 умедворем, ки пас аз боз шудани сарҳадҳо ба мо баргузории як қатор вохӯриҳои дӯстона муяссар мегардад. То Чемпионати Осиё дар Баҳрайн ҳоло панҷ моҳ вақт ҳаст, ки барои хуб омода шудан барои мо комилан кофист”, – гуфтааст Аҳлиддин Турдиев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.