Сироҷиддин Муҳриддин: “Дар мубориза бо COVID-19 чораҳои муштарак андешидан зарур аст”

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 18 июн дар видеоконфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» бо иштироки роҳбарияти СММ, Барномаи рушди СММ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ширкат варзид. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, вазирон тақвияти иттифоқи назар бо кишварҳои шарики ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», таҳкими ҳамкории байналмилалӣ […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 18 июн дар видеоконфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» бо иштироки роҳбарияти СММ, Барномаи рушди СММ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ширкат варзид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, вазирон тақвияти иттифоқи назар бо кишварҳои шарики ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», мусоидат ва робитаи мутақобил дар барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ширкаткунандаи «Камарбанд ва роҳ» баъди ҳамагирӣ, инчунин дастгирӣ ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ»-ро баррасӣ намуданд. 

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ»: муборизаи муштарак бо ҳамагирии Ковид-19» қайд намуд, ки дар айни замон моро зарур аст, то баҳри пешгирии муштараки паҳншавии баъдии коронавирус ва барқарорсозии рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишварҳоямон чораҳои амалии муштарак андешем.

Дар ин робита, ба ҳукумати Чин, инчунин кишварҳои дигар, муассисаҳои СММ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои дастгирӣ ва кумакҳои саривақтӣ дар мубориза бо ҳамагирии коронавируси нав дар кишвари мо изҳори сипос гардид.

Дар интиҳои чорабинӣ санади ниҳоии видеоконфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» қабул гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.