Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ иваз шуд

Дар Хоруғ ҷаласаи Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он муовини раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иштирок карданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ҲХДТ хабар доданд, Рустам Фелалиев раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ интихоб шудааст. Раиси пешини Кумитаи иҷроияи ҳизб Ҷонибек Қозибеков […]

Аваз Юлдошев

Дар Хоруғ ҷаласаи Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он муовини раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иштирок карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ҲХДТ хабар доданд, Рустам Фелалиев раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ интихоб шудааст.

Раиси пешини Кумитаи иҷроияи ҳизб Ҷонибек Қозибеков бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шудааст.

Ҷонибек Қозибеков бо грамотаи фахрии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шудааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.