Баъди ду тӯй дар Тошканд садҳо нафар ба карантин гирифта шуданд

Як сокини ноҳияи Юнусободи Тошканд сарфи назар аз эълом шудани карантин дар робита ба коронавирус, ду тӯй баргузор кардааст. Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, дар натиҷаи ҷашн, ки чор рӯз давом кард, яке аз арӯсон ва 12 меҳмон ба коронавирус мубтало шудаанд. Ҳамчунин садҳо нафаре, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Як сокини ноҳияи Юнусободи Тошканд сарфи назар аз эълом шудани карантин дар робита ба коронавирус, ду тӯй баргузор кардааст.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, дар натиҷаи ҷашн, ки чор рӯз давом кард, яке аз арӯсон ва 12 меҳмон ба коронавирус мубтало шудаанд. Ҳамчунин садҳо нафаре, ки бо мубталоён тамос ё ба тӯйҳо рабте доштанд, санҷиши коронавирус супурданд ва ба карантин гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса санҷиши эпидемиологӣ идома дорад.

Дар Ӯзбекистон ба иллати коронавирус аз 8 май карантин эълом шуд. Минтақаҳо ба рангҳо "сурх" (хатарноктарин), "зард" ва "сабз" (амнтар) тақсим гаштанд. Баргузории тӯйҳо танҳо дар минтақаҳои "сабз" ва бо иштироки на бештар аз 30 кас иҷозат дода шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.