Мусодираи 40 кило афюн ва беш аз 2,2 ҳазор дона ҳабҳои “экстази” дар Душанбе

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе наздики 40 кило маводи мухаддири афюн ва беш аз 2,2 ҳазор дона ҳабҳои “экстази”-ро мусодира карданд. Тавре хадамоти матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад, шаҳрванд Собирҷон Содиқови 32-сола дастгир ва аз ӯ 2 ҳазору 224 дона ҳабҳои “экстази” дарёфт ва мусодира шудааст. Таҳвилгари маводи мухаддир Рамазонзода Зафари Хуршед, ки ин […]

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе наздики 40 кило маводи мухаддири афюн ва беш аз 2,2 ҳазор дона ҳабҳои “экстази”-ро мусодира карданд.

Тавре хадамоти матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад, шаҳрванд Собирҷон Содиқови 32-сола дастгир ва аз ӯ 2 ҳазору 224 дона ҳабҳои “экстази” дарёфт ва мусодира шудааст. Таҳвилгари маводи мухаддир Рамазонзода Зафари Хуршед, ки ин маводи психотропиро дар мошинҳои боркаш дохили қуттиҳои чой пинҳон карда мефиристодааст, мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст.

Ҳамчунин дар бораи мусодираи қариб 40 кило афюн хабар дода мешавад. Сокини 63-солаи ноҳияи Дарвоз Гулмирзоев Давлатмирзо бо ду ҷиянаш Алишер  ва Алидод Гулмирзоевҳо дар пойтахт ба гумони нигаҳдории зиёда аз 23 кило афюн боздошт шудаанд.

Сокини 67-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Нуров Амиршо ва сокини 62-солаи ноҳияи Ҷайҳун Азамҷон Ҷӯрабеков бо зиёда аз 15 кило афюн дастгир шудаанд.

Аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.