Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чоршанбе ба Гузашти Ғалаба ба Маскав меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 24 май ҷиҳати иштирок дар сафороии низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Маскав меравад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ёвари прзидент оид ба масоили сиёсати хориҷӣ Азамшо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 24 май ҷиҳати иштирок дар сафороии низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Маскав меравад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ёвари прзидент оид ба масоили сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Пас аз анҷоми гузашт Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе бармегардад.

Дар сафороии низомӣ дар Маскав инчунин сарони кишварҳои Қазоқисстон Қосим-Жомарт Тоқаев, Молдова Игор Додон, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Беларус Александр Лукашенко, Абхозистон Аслан Бжания, роҳбари Осетияи Ҷанубӣ Анатолий Бибилов, президенти Сербия Александр Вучич, президенти Хорватия Зоран Миланович ва президенти Фаластин Маҳмуд Аббос иштирок мекунанд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян бинобар сабаби шиддати вазъи марбут бо сироят коронавирус дар кишварҳояшон сафари қаблан тарҳрезишудаашонро бекор карданд.

Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов низ ба Маскав нарафта, ба ҷойи ӯ Туркманистонро дар гузашт вазири мудофиаи ин кишвар Бегенч Гундогдиев намояндагӣ мекунад.

Дар ин гузашти низомии Ғалаба аз иштироки наздики 15 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва беш аз 200 адад техника, инчунин тибқи маълумоти пешакӣ, 75 адад ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ интизорӣ меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.