Як ҷавони 17-сола дар Душанбе ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст

Ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Душанбе навҷавони 17-сола фавтидааст. Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасадро дар қаламрави ноҳияи Фирдавсии пойтахт, шафати тарабхонаи “Яккасарой” пайдо карданд. Ҳуввияти ғарқшуда маълум нест. “Ҳодиса рӯзи 20-уми июн, тахминан соати 15 рух додааст. Ин ҷавон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст. Гурӯҳи наҷотбахшони Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Душанбе навҷавони 17-сола фавтидааст.

Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасадро дар қаламрави ноҳияи Фирдавсии пойтахт, шафати тарабхонаи “Яккасарой” пайдо карданд. Ҳуввияти ғарқшуда маълум нест.

“Ҳодиса рӯзи 20-уми июн, тахминан соати 15 рух додааст. Ин ҷавон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст. Гурӯҳи наҷотбахшони Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, соати 16:15 дақиқа марҳумро аз дарё берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – иттилоъ додааст КҲФ.

Инчунин як сокини 25-солаи ноҳияи Ёвон ҳамон рӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз болои пули дарёи Кофарниҳон худро ба дарё афкандааст.

Баъд аз гирифтани хабар ҳайати шахсии бахши шаҳри Ваҳдат сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Онҳо дар ҳамдастӣ бо кормандони ҶДММ “Ёқут-2000” шаҳрвандро аз дарё наҷот бахшида, ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ  ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат интиқол доданд.

Айни ҳол вазъи саломатияш хуб мебошад. Ӯ дар бораи сабаби аслии қасд ба ҷони худ то кунун чизе нагуфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.