Ҳаҷ барои зоирони хориҷӣ имсол манъ шуд

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ хабар дод, ки имсол маросими ҳаҷро танҳо он хориҷиёне адо карда метавонанд, ки аллакай дар қаламрави ин кишвар қарор доранд. Тавре Интерфакс иттилоъ медиҳад, қарори вазорат ба он вобаста аст, ки коронавируси COVID-19 дар қаламрави зиёда аз 180 кишвар паҳн шуда, шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба ҳадди қариб […]

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ хабар дод, ки имсол маросими ҳаҷро танҳо он хориҷиёне адо карда метавонанд, ки аллакай дар қаламрави ин кишвар қарор доранд.

Тавре Интерфакс иттилоъ медиҳад, қарори вазорат ба он вобаста аст, ки коронавируси COVID-19 дар қаламрави зиёда аз 180 кишвар паҳн шуда, шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба ҳадди қариб ним миллион расид ва дар саросари дунё беш аз 7 млн ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст.

“Дар маросими ҳаҷи имсола шумори маҳдуди зоирони миллатҳои гуногун, ки аллакай дар қаламрави Арабистони Саудӣ ҳузур доранд, иштирок карда метавонанд”, – изҳор доштааст вазири умури ҳаҷи ин давлат.

Ба гуфтаи ӯ, “то ба ватан рафтан” амнияти ҳамаи касоне, ки бо баста шудани сарҳадот дар робита ба пандемия дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, таъмин хоҳад шуд.

Маросими ҳаҷ имсол ба 28 июл – 2 август рост меояд.

Аз рӯзи якшанбеи гузашта ҳукумати Арабистони Саудӣ соати коммендантиро дар қаламрави кишвар бекор кард. Дар ҳамин ҳол, то супориши махсус адои маросими ҳаҷи умра, инчунин алоқаи байнулмилалии ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ манъ боқӣ мемонад.

То рӯзи 22-юми июн дар Арабистони Саудӣ беш аз 161 ҳазор нафар сироят шуда, 1307 кас аз COVID-19 фавтиданд ва беш аз 105 ҳазор нафар беморон комилан шифо ёфтанд.

Моҳи апрел аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки корҳои омодагӣ ба маросими ҳаҷи имсола идома дошта, доир ба он аз Арабистони Саудӣ огоҳиро интизоранд.

Сухангӯйи Кумита Афшин Муқим зикр карда буд, ки агар имсол маросими адои ҳаҷ баргузор нашавад, навбати зойирин пурра нигоҳ дошта шуда, ба соли дигар гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.