Ба беҳбуди вазъи роҳи канори бозори “Корвон” $2,86 млн харҷ мешавад

Ба корҳои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди канори бозори “Корвон” ширкати “Роҳсоз-7” машғул хоҳад шуд, ки мувофиқи шартҳои Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба тендерҳои маҳаллӣ интихоб шудааст. Тавре аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, маблағи қарордод 2,86 млн долларро ташкил дода, анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳ дар зарфи 180 рӯз пешбинӣ шудааст. Таъмири 1,85 […]

Ба корҳои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди канори бозори “Корвон” ширкати “Роҳсоз-7” машғул хоҳад шуд, ки мувофиқи шартҳои Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба тендерҳои маҳаллӣ интихоб шудааст.

Тавре аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, маблағи қарордод 2,86 млн долларро ташкил дода, анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳ дар зарфи 180 рӯз пешбинӣ шудааст.

Таъмири 1,85 км масофаи роҳ дар доираи лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар сурат мегирад, ки аз ҷониби БОР ва инчунин ҳаммаблағгузор – Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ сармоягузорӣ мешавад.

Моҳи ноябри соли 2016 БОР марҳилаи аввал ва моҳи марти соли 2018 марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтарро тасдиқ кард. Ҳаҷми умумии маблағгузории БОР ба ин лоиҳа 157 млн доллар бо шумули 108 млн доллар ба сифати грантро ташкил медиҳад.

Фонди ОПЕК 12 млн доллар қарз ҷудо кард. Дар назар аст, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Душанбе – Бохтар моҳи октябри соли 2021 ба анҷом расад.

Корҳои таъмиру навсозии роҳ аз бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии пойтахт аз 10-уми июн оғоз шуданд. Мусофиркашҳои хурд (маршрутка) дигар то бозор намераванд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт танҳо пиёда роҳ рафта, то бозор мерасанд.

Инак, имрӯз чӣ гуна метавон то бозори “Корвон” расид? Ба харитаи мо бингаред:

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.