Қариб 4 млн сомонӣ кумаки шаҳрдории Душанбе ба беморхонаҳои пойтахт

Ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе маводи доруворӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ба маблағи умумии 3 млн 900 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд. Аз ҷумла, 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), 100 дастгоҳи ларингоскоп, 160 зарф (баллон)-и кислород, 50 адад мониторҳои назди кати бемор, 500 дона пулсоксиметр (таҷҳизот барои мураттаб ва бо низом ворид кардани доруворӣ ба бемор), […]

Ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе маводи доруворӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ба маблағи умумии 3 млн 900 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.

Аз ҷумла, 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), 100 дастгоҳи ларингоскоп, 160 зарф (баллон)-и кислород, 50 адад мониторҳои назди кати бемор, 500 дона пулсоксиметр (таҷҳизот барои мураттаб ва бо низом ворид кардани доруворӣ ба бемор), 50 дона перфузор (таҷҳизот барои муайян кардани фоизи таъминоти организми бемор бо оксиген) ва дигар лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ пешниҳод гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, лавозимоту таҷҳизоти тиббии дастрасшуда дар муассисаҳои табобатии Раёсати  тандурустии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе захира гардида, дар сурати зарурат барои табобат ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ истифода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.