РВКД Душанбе 144 ронандаро барои сигналҳои махсус ва нурафшон ҷарима кард

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз идомаи амалиёти “Чароғаки шуълавар” хабар медиҳад. Тавре маркази матбуоти Раёсат иттилоъ медиҳад, ҳадаф аз баргузории амалиёт ошкор кардани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии сигналҳои нурафшону махсус ва фурӯши онҳо дар бозорҳо мебошад. Гуфта мешавад, зимни рейди навбатӣ дар доираи амалиёт аз фурӯшандагон 52 адад асбоби чароғаки шуълавари рангҳои гуногун […]

Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз идомаи амалиёти “Чароғаки шуълавар” хабар медиҳад.

Тавре маркази матбуоти Раёсат иттилоъ медиҳад, ҳадаф аз баргузории амалиёт ошкор кардани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии сигналҳои нурафшону махсус ва фурӯши онҳо дар бозорҳо мебошад.

Гуфта мешавад, зимни рейди навбатӣ дар доираи амалиёт аз фурӯшандагон 52 адад асбоби чароғаки шуълавари рангҳои гуногун ва 21 адад асбобҳои садодиҳандаи махсус дарёфту мусодира карда шуданд. Қонуншиканон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, ҳар кадоме 580 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт 144 ҳолати насбу истифодаи сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғакҳои шуълавари нурафшон ошкор карда шуда, ронандагон дар ҳаҷми аз 3 то 5 нишондиҳандаи ҳисоб (аз 174 то 290 сомонӣ) ҷарима шудаанд.

Раёсати ВКД дар Душанбе қайд карданд, ки истифодаи сигналҳои махсус ва нурафшон аксаран дар мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ ба мушоҳида мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.