Миёни тоҷикистониёни аз Қазоқистону Ӯзбекистон баргашта дар 30 кас COVID-19 ошкор шуд

Дар 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи шахсони аз Қазоқистону Ӯзбекистон баргашта ҳузур доштанд, сирояти коронавирус ошкор шудааст. Ҳамаи онҳо дар беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда, зери назорат қарор доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъи боэътимод аз бахши тандурустии вилоят хабар дод. “Қобили зикр аст, ки аломатҳои бемории COVID-19 дар онҳо ба мушоҳида […]

Дар 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи шахсони аз Қазоқистону Ӯзбекистон баргашта ҳузур доштанд, сирояти коронавирус ошкор шудааст.

Ҳамаи онҳо дар беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда, зери назорат қарор доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъи боэътимод аз бахши тандурустии вилоят хабар дод.

“Қобили зикр аст, ки аломатҳои бемории COVID-19 дар онҳо ба мушоҳида намерасад. Худро хуб ҳис мекунанд, чизе ташвишашон намедиҳад, лекин натиҷаи ташхисашон мусбат аст. Ин мардони синни 30-36-сола мебошанд”, – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки беморхонаи вилоятии Суғд ҷиҳати гузаштан ба реҷаи пешинаи фаъолият ва қабули муқаррарии беморон омодагӣ мегирифт ва дар шуъбаи эҳёгарии он ҳамагӣ 1 бемори COVID-19 боқӣ монда буд.

“Боқимонда 620 нафари баргашта, ки бо сироятёфтагон алоқа доштанд, дар беморхонаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов ва боз се беморхонаи дигари вилоятӣ зери муоина гирифта шуданд. Қариб 100-200 нафарашон аз тест гузашта, ин 30 нафар бемор ошкор шуданд. Аз дигарон ҳам ҳоло тест мегиранд. Дар ҳама ҳолат онҳо ба карантин гирифта мешаванд”, – қайд кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20-уми июн 553 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабаби баста будани сарҳадҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и Қазоқистон қарор доштанд, ба ватан оварда шуданд. Боз зиёда аз 100 нафар ҳамватанонамон тариқи гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод” аз Ӯзбекистон ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.