Боздиди табибони Лаҳистон аз беморхонаи Панҷакент

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд  гурӯҳи табибони Лаҳистон имрӯз, 24-уми июн аз Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент боздид карданд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, табибони лаҳистонӣ бо пизишкони беморхонаи мазкур  роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ин беморӣ мубодилаи афкор кардаанд. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд  гурӯҳи табибони Лаҳистон имрӯз, 24-уми июн аз Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент боздид карданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, табибони лаҳистонӣ бо пизишкони беморхонаи мазкур  роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ин беморӣ мубодилаи афкор кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9-июн як гурӯҳ пизишкони Лаҳистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ сафар карда, бо ҷараёни табобати беморони COVID-19 шинос шуданд. Раиси вилоят Ёдгор Файзов рӯзи 13-уми июн онҳоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора дафтари матбуоти дастгоҳи раиси ВМКБ хабар додааст. 

“Мо аз табибони вилоят чунин натиҷаро интизор набудем. Онҳо дониши баланд доранд, нисбат ба фаъолияти худ хеле ҷиддӣ ҳастанд. Заҳмати имрӯзаи онҳо аз худ қаҳрамониро мемонад, – иброз доштанд зимни суҳбат табибони Лаҳистон. – Барои мо боиси тааҷҷуб аст, ки дар ин минтақа фавти кӯдакону ҷавонон ба назар нарасид. Шахсоне, ки фавтиданд, касалиҳои дигар и музмин низ доштанд. Бинобар ин, фаъолияти табибони ВМКБ  барои мо ҳам як таҷрибаи назаррас хоҳад буд”.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи сездаҳнафараи табибони Лаҳистон бо ҳамроҳии 3 коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шоми 6-уми июн ба Тоҷикистон омаданд ва то имрӯз ба манотиқи гуногуни кишвар сафар карда, бо фаъолияти якчанд беморхонаву муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд. Онҳо тайи як моҳ бо пизишкони тоҷик табодули таҷриба мекунанд.

Инчунин 14-уми июни соли равон гурӯҳи дуюми табибони Лаҳистон ва коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иборат аз 9 нафар ба Тоҷикистон омаданд.

Қаблан ҳам бо мақсади табодули таҷриба бо пизишкони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 табибони варзидаи Ӯзбекистон ва Чин ба Тоҷикистон омада буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.