“Ба бомжҳо монанд шудем”. Шаҳрвандони Русия аз кишвари худ кумак мехоҳанд

Даҳ рӯз инҷониб шаҳрвандони Русия дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, назди постгоҳи гумрукии “Ойбек” қарор доранд. Ин ҷо аз ҳамаи гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, шумори мусофирон аллакай ба зиёда аз 500 нафар ва мошинҳо қариб 140 адад расидааст. Ҳамаи мошинҳо дорои рақамҳои Русия мебошанд. Ин шаҳрвандони Русия умедворанд, ки аз кишвар бо роҳи заминӣ раванд […]

Даҳ рӯз инҷониб шаҳрвандони Русия дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, назди постгоҳи гумрукии “Ойбек” қарор доранд. Ин ҷо аз ҳамаи гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, шумори мусофирон аллакай ба зиёда аз 500 нафар ва мошинҳо қариб 140 адад расидааст. Ҳамаи мошинҳо дорои рақамҳои Русия мебошанд.

Ин шаҳрвандони Русия умедворанд, ки аз кишвар бо роҳи заминӣ раванд ва иҷозаи додани долони “сабз”-ро мунтазиранд. Лекин масъала то ҳол роҳи ҳалли худро намеёбад ва одамон маҷбуранд, ки дар шароити саҳро зиндагӣ кунанд: аз офтоби сӯзон (то +45 дараҷа) пинҳон шуда, шабона дар мошинҳо мехобанд.

Ба ҷуз калонсолон, ин ҷо оилаҳо бо кӯдакони хурдсол низ ҳастанд. Аз гармои тоқатфарсо хаста шуда, онҳо дар мошинҳо пинҳон мешаванд ва зери он мехобанд. Калонсолон доимо интизори хабарҳоянд.

Тасмими бо роҳи заминӣ аз кишвар рафтани ин одамон қатъӣ буда, то замони гирифтани иҷоза омодаанд, ки дар сарҳад бимонанд.

Онҳо илоҷи дигар надоранд: ба харидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ имкон надошта, мошини шахсиро ҳам ин ҷо гузошта наметавонанд. Нархи чиптаи ҳавопаймоӣ 400 евро буда, баъзе оилаҳо ин ҷо 8-9 нафаранд, ки билет хеле гарон меафтад.

Дар партави ин ҳама вазъи ногувор шаҳрвандони дармонда ба хотири ҷашнгирии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ парчами Русияро парафшон кардаанд.

“Мо имрӯз бо ҳамаи мардуми Русия ҳамраъйем. Ҳарчанд ҳозир аз хона дурем ва вазъамон он қадар хуб нест, андешаҳоямон онҷост ва аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хурсандӣ мекунем”, – мегӯянд мардон.

…Дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин масъала аз ҷониби Тоҷикистон ҳал шудааст. “Ҷониби Тоҷикистон ба хориҷ шудани шаҳрвандони Русия иҷоза дод”, – гуфтанд дар хадамоти матбуоти Вазорат.

Акнун ҳукумати Русия бояд бо Ӯзбекистону Қазоқистон ба тавофуқ бирасад, то ки шаҳрвандони дармонда тариқи қаламрави ин кишварҳо гузашта тавонанд.

Консулгарии Русия дар Хуҷанд ва сафорати Русия дар ин хусус маълумоти расмӣ намедиҳанд. Қаблан зикр гардида буд, ки онҳо аз қазия хабардор буда, фаъолона дар пайи ҳалли масъалаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.