Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 11% афзуд

Date:

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тӯли моҳҳои январ-майи соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 11% афзуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо шумули соҳибкорони хусусӣ ба маблағи умумии 10 892,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба андозаи 16%, саноати истихроҷ – 5,8%, таъминот бо нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 2,9% аз омилҳои асосии болоравии ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ номбар шудааст.

Дар ин давраи ҳисоботӣ 2211 корхонаи саноатӣ фаъолият доштанд: 260-то дар саноати истихроҷ, 1794 – саноати коркард, 76 – дар соҳаи таъминот бо нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво. Дар бахши таъминоти об ва коркарди партовҳо 81 корхона амал мекунад.

Аз шумори умумии корхонаҳо 676-то (30,6% аз шумори умумӣ) ба вилояти Суғд, 605-то (27,4%) ба вилояти Хатлон, 464-то (21%) ба шаҳри Душанбе, 420-то (19%) ба ноҳияҳои тобеи марказ ва 46-то (2%) ба ВМКБ рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...