Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 11% афзуд

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тӯли моҳҳои январ-майи соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 11% афзуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо шумули соҳибкорони хусусӣ ба маблағи умумии 10 892,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар […]

Asia-Plus

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тӯли моҳҳои январ-майи соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 11% афзуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо шумули соҳибкорони хусусӣ ба маблағи умумии 10 892,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба андозаи 16%, саноати истихроҷ – 5,8%, таъминот бо нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 2,9% аз омилҳои асосии болоравии ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ номбар шудааст.

Дар ин давраи ҳисоботӣ 2211 корхонаи саноатӣ фаъолият доштанд: 260-то дар саноати истихроҷ, 1794 – саноати коркард, 76 – дар соҳаи таъминот бо нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво. Дар бахши таъминоти об ва коркарди партовҳо 81 корхона амал мекунад.

Аз шумори умумии корхонаҳо 676-то (30,6% аз шумори умумӣ) ба вилояти Суғд, 605-то (27,4%) ба вилояти Хатлон, 464-то (21%) ба шаҳри Душанбе, 420-то (19%) ба ноҳияҳои тобеи марказ ва 46-то (2%) ба ВМКБ рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.