Аз 116 то 290 сомонӣ. Маҷлиси миллӣ аз ҷарима барои ниқоб надоштан ҷонибдорӣ кард

Таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд. Аъзои Маҷлиси миллӣ ворид кардани тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷорисозии ҷаримаро барои ниқоб надоштан ва паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО дар назар дорад, маъқул донистанд. Аз тағйироту иловаҳои мазкур аъзои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ворид кардани тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷорисозии ҷаримаро барои ниқоб надоштан ва паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО дар назар дорад, маъқул донистанд.

Аз тағйироту иловаҳои мазкур аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ якдилона ҷонибдорӣ карданд.

Минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Ғайр аз ин, дар иҷлосия тағйироту иловаҳое, ки мувофиқи онҳо ҷорӣ кардани ҷарима ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО пешбинӣ шудааст, низ тасдиқ гардиданд.

Тағйироту иловаҳо баъд аз имзо кардани раисҷумҳур ва нашр дар ВАО-и давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.