Давоми як шабонарӯз 3 кас дар Тоҷикистон ғарқ шуданд

Мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон расман 15-уми июн оғоз гардид. Давоми 10 рӯз дар кӯлу дарё ва обанборҳои кишвар 31 кас ғарқ шуданд, ки 11 нафарашон кӯдакон мебошанд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КҲФ ВА МГ-и ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, танҳо давоми шабонарӯзи гузашта се ҳодиса ба қайд гирифта шудааст: калонсолтарин шахси дар об ғарқшуда 24-сола ва […]

Мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон расман 15-уми июн оғоз гардид. Давоми 10 рӯз дар кӯлу дарё ва обанборҳои кишвар 31 кас ғарқ шуданд, ки 11 нафарашон кӯдакон мебошанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КҲФ ВА МГ-и ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, танҳо давоми шабонарӯзи гузашта се ҳодиса ба қайд гирифта шудааст: калонсолтарин шахси дар об ғарқшуда 24-сола ва 2 нафарашон ноболиғонанд.

“Барои дарёфт ва аз об берун овардани ҷасадҳо наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷалб гардиданд. Ҷасадҳо ба мақомоти дахлдор супурда шуданд”, – гуфт Юсуфӣ.

Бо вуҷуди огоҳии чандинкаратаи КҲФ дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об ва оббозӣ накардан дар ҷойҳои манъшуда, одамон ҳаёти худро зери хатар гузошта, ҳама гуна ҳушдору маҳдудиятро нодида мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.