Таъсиси ним миллион ҷойи корӣ дар Тоҷикистон дар зарфи 3 сол имконпазир аст?

Вазорати меҳнат ба ҳукумат нақшаеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он пешниҳоди маблағ ба бекорон ва собиқ муҳоҷирон барои роҳандозии соҳибкорӣ зиёд карда мешавад. Мувофиқи барномаи нави мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022, дар зарфи се моҳ таъсиси беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат умедвор аст, ки аксари ҷойҳои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазорати меҳнат ба ҳукумат нақшаеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он пешниҳоди маблағ ба бекорон ва собиқ муҳоҷирон барои роҳандозии соҳибкорӣ зиёд карда мешавад.

Мувофиқи барномаи нави мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022, дар зарфи се моҳ таъсиси беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат умедвор аст, ки аксари ҷойҳои корӣ аз ҷониби худи соҳибкорон ва аҳолӣ таъсис дода мешавад…

То 11 ҳазор сомонӣ барои роҳандозии тиҷорат

Аввали сол дар Тоҷикистон Барномаи нави мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022 қабул шуд. Дар он гуфта мешавад, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои соҳаҳои иқтисодии ҷуммҳурӣ дар зарфи 3 сол 512 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Аз ҷумла, соли 2020 – 169 ҳазор, соли 2021 – 171 ҳазор ва соли 2022 – 172 ҳазор ҷойи нави корӣ. Вазорати меҳнат ба нақша гирифтааст, ки 271 ҳазор ҷойи нави корӣ ё худ 53% дар бахши воқеии иқтисод ва 240,9 ҳазор ё худ 47% аз шумори умумии ҷойҳои корӣ дар бахши хизматрасонии иқтисодӣ фароҳам оварда мешаванд.

Вазорати меҳнат бо мақсади коҳиши таъсири манфии пандемияи коронавирус ба ҳукумат пешниҳод кард, ки кумакпулӣ ба бекорон ва муҳоҷирони ба ватан баргашта, ки хоҳиши ба соҳибкорӣ ва тиҷорату истеҳсолот машғул шуданро доранд, 10 нишондиҳандаи ҳисоб (580 сомонӣ) зиёд карда шавад.

Дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди вазорат, муҳоҷироне, ки ба ватан баргаштаанду хоҳиши ба тиҷорат машғул шуданро доранд, дар ҳаҷми 110 нишондиҳандаи ҳисоб (6 380 сомонӣ), хошимандони соҳибкорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ – маблағи баробар ба 140 нишондиҳандаи ҳисоб (8 120 сомонӣ) ва касоне, ки истеҳсолотро роҳандозӣ карданианд, 190 нишондиҳандаи ҳисоб (11 020 сомонӣ) кумакпулии яквақтаи молиявӣ мегиранд.

“Давоми 5 моҳи соли 2020 Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 1 326 нафар соҳибкорони навкор аз ҳисоби муҳоҷирони ба ватан баргашта ба маблағи умумии 4 млн 312,1 ҳазор сомонӣ чунин кумак кард”, – хабар доданд аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Дар куҷо пулкоркуниро меомӯзонанд?

Дар низоми таълими касбии Агентии меҳнат 5 марказ, 41 филиал, 29 намояндагӣ, аз ҷумла, Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолон” бо 34 филиал ва 24 намояндагӣ, КВД “Маркази таълими касбии шаҳри Душанбе”, КВД “Маркази таълими шаҳри Хуҷанд” амал мекунанд, ки дар онҳо 103 касб омӯзонида мешавад.

Дар ин муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 34,7 ҳазор нафар шахсони калонсол аз давраҳои кӯтоҳмуҳлати омӯзишӣ гузашта, соҳиби касбу ихтисосҳои гуногун шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.