Вакилони парлумони Тоҷикистон ба таътили тобистона мебароянд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи ниҳоии иҷлосияи панҷуми даъвати панҷум, ки рӯзи 30 июн доир мегардад, аз 1 июл ба таътил мебароянд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд. Дар ҷаласаи охири иҷлосияи якум раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода назди вакилон дар бораи фаъолияти парлумон ҳисобот медиҳад. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи ниҳоии иҷлосияи панҷуми даъвати панҷум, ки рӯзи 30 июн доир мегардад, аз 1 июл ба таътил мебароянд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҷаласаи охири иҷлосияи якум раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода назди вакилон дар бораи фаъолияти парлумон ҳисобот медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, рухсатии вакилони мардумӣ то 15 август идома ёфта, аз 16 август то 30 сентябр онҳо дар кумита ва комиссияҳои соҳавии парлумон фаъолият мекунанд.

Мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум 1 октябри соли равон ба кор шурӯъ мекунад.

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, дар давраи рухсатии вакилон иҷлосияи ғайринавбатии парлумони кишварро даъват кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.