Муҷозоти блогере, ки “бахилон”-ро таҳдиди куштан кард

Кормандони милитсияи пойтахт ҷавонеро боздошт карданд, ки дар навори видеои ахираш дар Инстаграм худро “блогер” муаррифӣ карда, бо таппонча дар даст таҳдид мекунад, ки ҳамаи “одамони бахил”-ро мекушад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо шикоят аз ин навори видео корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба милитсияи пойтахт муроҷиат кардаанд. Дар натиҷаи баргузории […]

Кормандони милитсияи пойтахт ҷавонеро боздошт карданд, ки дар навори видеои ахираш дар Инстаграм худро “блогер” муаррифӣ карда, бо таппонча дар даст таҳдид мекунад, ки ҳамаи “одамони бахил”-ро мекушад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо шикоят аз ин навори видео корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба милитсияи пойтахт муроҷиат кардаанд.

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврии кормандони милитсия маълум шуд, ки ин нафар Шаҳбоз Фаттоеви 20-сола, сокини шаҳри Душанбе мебошад.

“Зимни бозпурсӣ муайян карда шуд, ки номбурда ба хотири худнамоишдиҳӣ ва ба ин васила машҳур гардидану зиёд намудани сафи аъзои саҳифаи иҷтимоии интернетиаш ҳангоми қарордошт дар дохили автомашина таппончаи дар навор инъикосшударо гирифта, баъди сабти навори мазкур онро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр кардааст”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки яроқи дар навор истифодашуда таппончаи газӣ буда, аз ҷониби Раёсат мусодира карда шуд.

Нисбат ба Шаҳбоз Фаттоев бо иттиҳоми нашри навори таҳдидовар ва ба таҳлука овардани шаҳрвандон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.