Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд раҳсипор шуд

Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди кории президент аз деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурӯъ гардида, дар ин ҷо роҳбари давлат нахуст ба фаъолияти Маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат" оғози расмӣ бахшид. Гуфта мешавад, бинои дуошёнаи марказ аз дорухона бо маводи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди кории президент аз деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурӯъ гардида, дар ин ҷо роҳбари давлат нахуст ба фаъолияти Маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат" оғози расмӣ бахшид.

Гуфта мешавад, бинои дуошёнаи марказ аз дорухона бо маводи дорувории гиёҳӣ, шуъбаҳои ҷарроҳии эндоскопӣ, дандонпизишкӣ, ташхиси фаросавтӣ, таҳлилгоҳ, утоқҳои физиотерапевтӣ ва солимгардонӣ иборат буда, барои беморон 10 кати хоб мавҷуд аст.

Дар деҳоти Хистеварзи ноҳия дур ҳузури сарвари давлат боз як иншооти тиббии дигар – бинои дуошёнаи Беморхонаи сироятии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар Беморхонаи сироятӣ 56 воҳиди корӣ ташкил карда шудааст ва ба бештар аз 63 ҳазор аҳолии ҷамоат 2 табиби сироятшинос, 11 ҳамшираи шафқат ва 5 корманди хурди техникӣ хизмат мерасонанд. Беморхона дорои 40 кати хоб, 10 ҳуҷраи табобатӣ ва 12 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Утоқҳои табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ба пуррагӣ таъмин карда шудааст.

Дар қаламрави ин деҳот Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод. Майдони парчам дар маҷмӯъ масоҳати 0,45 гектар заминро дар бар гирифта, баландии он бо таҳкурсияш 50 метрро ташкил медиҳад.

Президент дар деҳоти Хистеварз инчунин Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино аз 4 ошёна иборат мебошад. Дар ин ҷо мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии бонкдорӣ ҷиҳати қабули мизоҷон, расонидани хизмат ба онҳо ва анҷом додани дигар амалиётҳои бонкӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и деҳоти Хистеварз шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфта, дар 2 гектари он боғ бунёд карда шудааст. Имсол дар 3 гектар замини ин хоҷагӣ пахта, 4 гектар помидор ва дар боқимонда заминҳо хӯроки чорво кишт шуда, тибқи дурнамо, ҳосилнокии пахта бояд на камтар аз 30 сентнерро ташкил диҳад. Ҳосили интизории помидор ба 140 тонна аз як гектар баробар аст.

Дар идома раисҷумҳур фермаи парандапарварии ҶДММ "Чӯҷаи Байзо"-ро ифтитоҳ кард. Ба истифода додани ин ферма воридоти гӯшти мурғ ба мамлакатро боз ҳам коҳиш медиҳад. Зимни боздид раисҷумҳур ҷиҳати васеъ гардонидани истеҳсолот ва афзоиш додани истеҳсоли гӯшти мурғ ба масъулони соҳаи кишоварзии мамлакат супоришҳо дод.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат зимни ин сафар дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани наздики 30 иншооти нави таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ноҳияи Мастчоҳ иштирок карда, бо фаъолони ноҳия вомехӯрад ва бо дастовардҳои соҳаҳои саноату бахши кишоварзӣ шинос мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ноҳияи Мастчоҳ мактабу кӯдакистонҳо, толори варзишӣ, бинои маъмурии ҲХДТ, Маркази адлия, майдони Парчами давлатӣ, монументи “Пахта” ва боғи фарҳангию фароғатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар маркази ин ноҳия инчунин Қасри фарҳанг барои 1 ҳазор ҷойи нишаст бо харҷи беш аз 30 млн сомонӣ ва Варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст бо 11 млн сомонӣ ба истифода дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.