Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори беморон ба 5900 нафар расид

Шумори умумии сироятёфтагони COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 29-уми июн 5 ҳазору 900 нафарро ташкил додааст. Тӯли шабонарӯзи гузашта 51 ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шуда, теъдоди расмии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 52 нафар боқӣ мемонад. АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва зифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар додааст, ки то 29-уми июн 264 нафар гумонбарон […]

Шумори умумии сироятёфтагони COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 29-уми июн 5 ҳазору 900 нафарро ташкил додааст.

Тӯли шабонарӯзи гузашта 51 ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шуда, теъдоди расмии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 52 нафар боқӣ мемонад.

АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва зифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар додааст, ки то 29-уми июн 264 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба 4 ҳазору 506 (76,3%) нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тавре РБК хабар медиҳад, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус рӯзи 29-уми июн изҳор доштааст, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон дар арафаи анҷомёбӣ қарор надошта, баръакс суръат мегирад. Шурӯъ аз 18-уми июн қариб ҳар рӯз дар дунё беш аз 150 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта мешавад.

Ӯ зикр кардааст, ки  давоми 6 моҳ аз эълони нахустин ҳодисаҳои сироятёбӣ дар Чин, дар саросари дунё беш аз 10 млн нафар ба коронавирус сироят ёфта, бар асари он 500 ҳазор кас фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.