Роҳбарони вазорату идораҳо аз натиҷаҳои фаъолияташон ба журналистон ҳисобот медиҳанд

Date:

Нишастҳои хабарии маъмулии вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар нимаи аввали соли 2020 рӯзи 13-уми июл оғоз мешаванд.

Маъмулан роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолият, дастоварду камбудиҳо дар ин давра маълумот дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.

Нахуст рӯзи 13-уми июл нишастҳои хабарии Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, адлия, кишоварзӣ, Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ баргузор мешаванд.

Нишастҳои матбуотии мақомоту сохторҳои давлатии Тоҷикистон то 31-уми июл идома меёбанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо баъдан ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба баргузор мешаванд.

Дар супориши мазкур зикр шудааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...