Осеби даҳҳо манзил дар Тоҷикобод аз заминларза

Дар панҷ деҳаи Тоҷикобод (водии Рашт) аз заминларзаи рӯзи шанбеи 4 июл рухдода манзил ва биноҳои хоҷагидорӣ қисман осеб дидаанд. Гурӯҳи кории ҳукумат ҳаҷми зиёни расидаро муайян карда, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. Дар деҳаи Ширинчашма 10-12 хона қисман вайрон шуда, дар деворҳои даҳҳо дигар манзил ва биноҳо рах ва кафидагиҳо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар панҷ деҳаи Тоҷикобод (водии Рашт) аз заминларзаи рӯзи шанбеи 4 июл рухдода манзил ва биноҳои хоҷагидорӣ қисман осеб дидаанд.

Гурӯҳи кории ҳукумат ҳаҷми зиёни расидаро муайян карда, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Дар деҳаи Ширинчашма 10-12 хона қисман вайрон шуда, дар деворҳои даҳҳо дигар манзил ва биноҳо рах ва кафидагиҳо пайдо шудаанд.

“Бар асари заминларзаи рӯзи 4 июл дар деҳаи Дараи Нӯшори ҷамоати деҳоти Нӯшор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистони ҷамоати деҳоти Ширинчашма, деҳаҳои Ғанишоб ва Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об манзилҳои сокинони маҳаллӣ қисман осеб дидаанд", – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳоатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, байни сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳукумати маҳаллӣ изҳор доштааст, ки дарҳол пас аз муайян кардани ҳаҷми зарар аз заминларза ба шаҳрвандони аз офат осебдида кумак расонида мешавад.

Тибқи маълумоти Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии кишвар, маркази заминларзаи рӯзи 4 июл дар 201 километрии шимолу шарқи Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Дар марказ қувваи заминҷунбӣ 5 балл ва дар Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио